47
TGK
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является
дохили он бударо тавассути рўдаи резанда бояд хорич кард, ба
-
рои ин гайкаро тоб дода кушода рўдаро аз крани об чудо кард.
Рўдаи резандаи обро ба водопровод мутобиқи 3.4.2 пайваст кард.
4.3 ИШОРАИ САДОИ
4.3.1
Ишораи садои аз оғоз ва анчоми кори мошин гувоҳи
медиҳад,ҳамчунин дар вақти дода шудани вазифаҳои ба функтси
-
яи он мос набуда, ҳангоми ногаҳон пахш кардани тугмаҳо дар
вақти кори мошин аз рўи дастури интихобшуда пайдо мегардад.
5 Т А Р Т И Б И К О Р
5.1
Чизҳои шусташавандаро тайёр карда ба мошин дохил
намоед (нигоҳ кунед: 6.1).
Дар дохили барабан мавчуд набудани чизҳои бегона,
ҳайвоноти хонагиро тафтиш кунед.
Даричаи мошинро то пайдо шудани ҳўппоқи қулф маҳкам
кунед, барои ин пешакӣ блоконаи дар мавриди кушодашавӣ
мавчуд будаи даричаро берун кунед (агар он мавчуд бошад,
нигоҳ кунед 5.7).
ДИққАТ! Чизҳои шусташаванда байни дарича ва зичку
-
нанда пахш шуда намонанд.
ДИққАТ! Барои масраф кардани воситаи шўяндаи
синтетикӣ (минбаъд – ВШС), энергияи электрик ва барои
кам кардани ифлосшавии муҳит ҳангоми интихоб намуда
-
ни дастури чомашўӣ навъи матоъ ва дарачаи ифлосии онро
ба назар гиред.
5.2
Ба лоток воситаи шўяндаи барои мошинҳои чомашўии
автоматикӣ таъин шуда ва воситаи коркарди махсусро бирезед
(нигоҳ кунед: 6.2) оҳиста лотокро пўшед.
Дар вақти кор кардани мошин лотоки воситаҳои шўяндаро
берун кашидан
МАНЪ
аст, барои он ки об аз мошин берун чорӣ
нагардад ва пош нахўрад.
5.3
Душохаи сими тағзияро ба васлак дохил карда, крани
обро бояд кушод (нигоҳ кунед: расми 9)
5.4
Мутобиқи замима мошинро ба кор дароред. Барномаи
чомашўиро интихоб карда дар ҳолати зарурӣ параметрҳои асо
-
сиро гузошт, функтсияҳои иловагиро интихоб кард. Дар оғози
кори мошин тугмаи СТАРТ/ПАУЗА (оғоз/таваққуф)-ро пахш
кард, тачҳизоти блоконаи дарича ба кор медарояд ва мошин
фаъол мешавад.
ДИққАТ!Ҳангоми ичрошавии барномаи чомашўи, ки
ба мошин об рехта мешавад истифода кардани водопро
-
вод тавсия намешавад. Аз сабаби дигаргун шудани фишор
дар водопровод ҳачми оби рехташаванда бари ичрои бо
-
сифати чомашўӣ ва обгардон кардан метавонад ба таври
кофӣ набошад.
5.5
Пас аз ба охир расидани амалиёти ниҳоии чомашўӣ
тақрибан баъд аз 2 дақиқа тачҳизоти блоконии дарҳо хомўш ме
-
шавад ва садои сегонаи ишоравӣ пайдо мегардад.
5.6
Баъд аз тамом кардани чомашўӣ мошинро мутобиқи за
-
мима бояд хомўш кард. Душохаи сими тағзияро аз васлак берун
кашид ва крани обро маҳкам кард.
Агар мошин аз барқи электрик хомўш нашуда бошад, дар
ин суръат ишораи сегонаи садоӣ боз панч маротиба дар фоси
-
лаи як дақиқагӣ шунида мешавад.
Даричаро кушода чизҳои шўяндаро берун кард.
Лотокро каме тела карда даричаро дар ҳолати кушода боқӣ
гузошт, то даме, ки қисмҳои дохилии мошин хушк шаванд.Ба
-
рои гирифтани пеши роҳи пайдошавии бўй дар мошин дари
-
чаи онро то чомашўии оянда каме кушода мондан зарур аст.
Блоконии даричаро аз пўшидашавӣ мутобиқи 5.7 гузоштан тав
-
сия мешавад.
ДИққАТ!қатъ ёфтани чарайён дар шабакаи электрик
дар вақти чомашўӣ ба кори оян
-
даи мошин таъсир намекунад:
баъд аз сари навъ пайдо шудани
чараён дар шабакаи электрик мо
-
шин ичрои барномаро, ки қатъ
шуда буд, аз аввали амалиёт да
-
вом медиҳад.
5.7 БЛОКОНИИ ДАРИЧА АЗ
ПЎШИДАШАВӣ
5.7.1
Дар баъзе навҳои мошин
блоконии дарича барои гирифта
-
ни пеши роҳи ба таври тасодуфӣ
фаъол карда шудани мошин, маса
-
лан аз тарафи бачаҳо ба назар гирифта шудааст. Барои блоко
-
нии дарича аз пўшидашавӣ бояд втулкаро мутобиқи расми 13
тавассути муруваттоб аз рўи ҳаракати ақрабаки соат то охир тоб
дод — втулка ба пеш ҳаракат карда ба пўшидашавии дарича роҳ
намедиҳад. Барои кушодани блокони пеш аз оғози чомашўӣ ба
тартиби мутақобила ҳаракт кард.
6 Т А С И Я Ҳ О В А М А С Л И Ҳ А Т Ҳ О
6.1 ТАЙЁР КАРДАН ВА ГУЗОШТАНИ ЧИЗҲОИ ШУСТА
-
ШАВАНДА
6.1.1
Пеш аз оғози чомашўӣ зарур аст:
— чизҳои шусташаванда ва либосро ба навҳо чудо кард,яъне
чизҳои рангаро аз сафед алоҳида бояд кард;
— аз рўи навъи газворҳо, ишораҳои дар тамғақоғаз бударо
тафтиш карда онҳоро тақсим кард (нигоҳ кунед: 6.3).
Дарачаи ифлосии молро барои интихоб кардани дастур му
-
айян намоед (нигоҳ кунед: ба замима):
— дар вақти кам ифлосшавӣ либос бўи нохуш дорад, доғҳо
ва чиркҳо намудор намешаванд;
— дар вақти ба таври миёна ифлосшавӣ либос хеле ифлосӣ
дорад ё (ё ин ки) доғҳои ночизе ҳам дорад;
— дар вақти ифлосшавии зиёд дар либос ифлосӣ ё (ё ин ки)
доғҳо намудор мебошанд.
Баъзе доғҳоро (доғи алаф, худкор, равғани растани,ранг ва
ғайра) ро аз маҳсулот дар вақти чомашўии оддӣ нест кардан им
-
коннопазир аст. Барои ҳамин ҳам пеш аз шустан дар мошин ба
таври дастӣ онҳоро нест мекунанд. Ин корро аввал дар қисми кам
ба назар расандаи маҳсулот ичро мекунанд,тозакуниро аз канори
доғ сар карда оҳиста-оҳиста ба маркази он наздик мешаванд,ин
кор барои гирифтани пеши роҳи фарқкунӣ ичро мешавад.
ДИққАТ! Набояд чизи нави рангинро якчоя бо чизҳои
дигар шуст, чунки дар он рахҳо пайдо мешавад. Чизи сафе
-
дро бояд алоҳида шуст.
6.1.2
Пеш аз чойгир кардани чизҳо ба барабан корҳои зерин
-
ро бояд ичро кард:
— тафтиш кунед ки кисаҳои либосҳо холӣ, чойҳои дарида
дўхта шуда бошанд, занчирак, тасма,чангакҳо маҳкам шуда бо
-
шанд, доғҳои зиёд пешакӣ нест карда шаванд;
— бо кўмаки бурс либосҳо (кисаҳо,чойҳои қат шуда) аз рег
тоза карда шаванд;
— шимҳо, газворҳо, маҳсулоти бофандагӣ ва трикотажи
-
ро (либоси таги трикотажӣ, футболкаҳо, маҳсулоти пашмин ва
ғайраро) бояд чаппа кард;
ДИққАТ! Ба мошин якчоя бо чизҳои шуста шаванда аф
-
тидани предметҳои фулузӣ (тангаҳо, скрепкаҳо ва ғайра) са
-
баби хароб шудани чафскунандаи резинӣ ва боки пласти
-
кии мошин мешавад. Чунин носозиҳо ба таври кафолатӣ
тармим намешаванд.
6.1.3
Чизҳои хурд (чўробҳо,рўймолчаҳо ва ғайра) синабандҳои
донакдор, ҳамчунин маҳсулоти нозук (колготкаҳои суфта,
чулкиҳо ва ғайра) пеш аз шустан ба сеткаи махсус ё ки халта гу
-
зошта шуда,якчоя бо чизҳои дигар бояд шуста шаванд.
6.1.4
Барои ба даст овардани натичаҳои хуби чомашўӣ ва
фишурдан чизҳоро ба навъҳо чудо карда онҳоро дуруст ба до
-
хили барабани мошин ба таври озод гузоштан тавсия мешавад.
Чизҳои калонро якчоя бо чизҳои хурд шустан тавсия меша
-
вад, онҳоро ба барабани мошин яке паси дигар бонавбат бояд
гузошт. Чизҳои бо ҳамин тартиб гузошта шуда ҳангоми фишур
-
дан ба таври баробар дар дохили барабан чойгир мешаванд.
Ба мошин гузоштани танҳо чизҳои обро бисёр чаббан
-
да (курткаҳо, сачоқҳои пашмдор,халатҳо,гилемчаҳо ва ғайра)
МАНЪ
аст.
ДИққАТ! Дар ҳолати ба барабан либосҳои тагро баро
-
бар нагузоштан сурати фишурдан ба таври автоматикӣ паст
мешавад, ё ки фишурдан ба амал намеояд.
ДИққАТ! Ба мошин чизҳои зиёдеро дохил накунед, он
ба паст шудани сифати чомашўӣ меорад, вақти фишурдан
зиёд мегардад. Барои ҳар як барнома либоси хушки тагро
аз ҳадди максималӣ зиёд нагузоред (нигоҳ кунед:ба замима).
6.1.5
Пеш аз шустани пойафзоли спортӣ чизҳои зерин за
-
рур аст:
— кашидани ресмонҳои пойафзол;
— афшондани рег ва шустани сатҳи пойафзол.
ДИққАТ! Пойафзоли спортии аз чарми натуралӣ, замшӣ
бударо шустан тавсия намешавад.
Расми 13
втулка
дарича